Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

БА ТАЗМИН ВА ТАТАББӮИ СОИБ

Орзуи саҷдае бар хоки кӯйе мекунем, Обрӯ аз хоки кӯе орзӯе мекунем. То наёлояд ба гарди аҷзи мо домони ноз, Аз сиришки худ сари он кӯй ҷӯйе мекунем. Гар рафиқон сайри боғу лолаву гул мекунанд, Мо дили худ шодмон аз ёди рӯйе мекунем. Меҳру маҳ дар бандагии меҳррӯйе медиҳем, Сунбулу райҳон фидои тори мӯйе мекунем. Гар тамошои канори ӯ насиби мо нашуд, Аз ду чашми худ канори хеш ҷӯйе мекунем. Шоми ҳиҷрон ёд меорем он мӯйи миён, Зери бори ғам мададҷӯӣ зи мӯйе мекунем. Аз ҳаловат шаҳд мебандад забону коми мо, Бо лабаш гар орзӯи гуфтугӯйе мекунем. Содагӣ бингар, ки меҷӯем мо аз оташ об, Яъне уммеди висол аз тундхӯйе мекунем. Айнӣ, аз ин мисраи Соиб тасаллӣ ёфтем: «Даст агар кӯтоҳ бошад, орзуе мекунем».