Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Охир на бузургзода будӣ,

Охир на бузургзода будӣ, Машҳур ба ҷоҳу ҷода будӣ, Аз ҳар кӣ ба шаҳр ком дорад. Дар аслу насаб зиёда будӣ. Воқиф шудам ин замон, ки як сӯ Асбоби шараф ниҳода будӣ. Бо булҳавасони муфсидаткор Дар базми тараб ситода будӣ. Бо тоифаи разилаи дун Машғули қимору бода будӣ. Коми дили ҳар хасиси бадном Беваҷҳу баваҷҳ дода будӣ. Бо ин ҳама, рӯйи ҷангу пархош Аз ноз ба ман кушода будӣ. Муфсид – табоҳкор, вайронкор, бадкор. Акнун манаму ғами фироқат, Ҳарчанд, ки нест сабру тоқат.