ҒАЗАЛИ ДИГАР ДАР ҲАМИН ТАЗМИН
Шаб ки ба ҳаҷри ту фиғон сар кунам,
Сомиаи аҳли ҷаҳон кар кунам.
Нола кунам, гиря кунам зор-зор,
Хотири ҳамсоя мукаддар кунам.
Чанд нишинам ба раҳат мунтазир,
Чанд нигаҳ фарши таҳи дар кунам.
Чанд макон бо ғами ҳиҷрон дар ин
Кулбаи торику муҳаққар кунам.
Ҷилвакунон ой ба лутфу карам,
То ба рухат дида мунаввар кунам.
Гар лабам аз оташи шавқи лабат
Хушк шавад, аз лаби ту тар кунам.
Бӯса бар он ғабғаби симин занам,
Дида бар он чеҳраи анвар кунам...
Шишаи ҳаҷри ту ба хоро занам,
Бодаи васли ту ба соғар кунам.
Нотиқа иқрор кунад бар қусур,
Гар зи камоли ту сухан сар кунам.
Васфи қаду рӯйи туро бо мисол
Чун битавон сабт ба дафтар кунам?
Моҳ ба рӯйи ту мусовӣ нашуд,
Сарв ба қаддат чӣ баробар кунам?
Содадилам сахт чу Айнӣ, ки ман
Ҳарчи ту гӯйӣ, ҳама бовар кунам.
Муҳаққар – ҳақир, ночиз, камарзиш.