Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

БА ТАЗМИНИ

«Бода надорам, ки ба соғар, кунам»-и Бедил Мавсими ид аст, тараб сар кунам, Чанд зи ғам сина мукаддар кунам. Мавсими ид аст, умеди висол 3-он бути таннози ситамгар кунам. Мавсими ид аст, ба ташрифи дӯст Дидаи худ фарши таҳи дар кунам. Мавсими ид аст, ба бахти сафед Хона аз он рӯй мунаввар кунам. Мавсими ид аст, ба кӯйи висол Таҳнияти идии дилбар кунам. Мавсими ид аст, лаби иштиёқ Месазад аз соғари лаб тар кунам. Маст шавам аз лаби майгуни ӯ, «Бода надорам, ки ба соғар кунам». Дар сифати орази гулгуни ёр Номаи ашъор муаттар кунам. Мукаддар – тира, ғуборолуд, ғамгин.