Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ёди айёме ки ман ҳам шамъи маҳфил доштам,

Ёди айёме ки ман ҳам шамъи маҳфил доштам, Яъне, он зебошамоил дар муқобил доштам. Мезанам аз яъс бар сар ин замон дасте ки ман Пеш аз ин дар гардани ҷонон ҳамоил доштам. Дар лаби Омӯ ба Каркӣ шодмон аз васли ӯ, Гаҳ гузар дар баҳру гаҳ манзил ба соҳил доштам. Талхии айём дар комам гуворо менамуд, То назар бар рӯйи он шириншамоил доштам. Мекунам бо мӯя ёд имрӯз он айше ки ман Дар лаби Омӯя бо дилдор ҳосил доштам. Гаҳ ба қозихона бо аҳбоб будам шодком, Дар нишимангоҳи мирӣ гоҳ манзил доштам... Дил ба дилдор аст, ман афтода аз дилдор дур, Ёди айёме, ки ҳам дилдору ҳам дил доштам. Мекушад ин ҳасратам охир, ки боре ӯ нагуфт: Айнии маҷҳур, яъне зору бедил доштам.