ДАР ТАТАББӮЪ ВА ТАЗМИНИ САЪДӢ
Ёри ман ширинадоӣ мекунад,
Ҳар замон сад дилрабоӣ мекунад.
Мекунад бо дӯстон бегонагӣ,
Душманонро ошноӣ мекунад.
Дар вафояш умр шуд, он шӯх низ
Ҳамчу умрам бевафоӣ мекунад.
Гарчи шоми ҳаҷри абролудро
Моҳи рӯяш камнамоӣ мекунад.
Кулбаи эҳзони торики маро
Ёди рӯяш рӯшноӣ мекунад.
Ёри ман аз ман ҷудо шуд, дӯстон,
Ҷони ман аз ман ҷудоӣ мекунад.
Қомати он ҳурзод аз ҷилвае
Чун қиёмат фитназоӣ мекунад.
Дардам аз белутфии ёр асту бас,
Хоҳад аз лутфе давое мекунад.
Айнии мискин ба ҳасби ҳоли худ
Байте аз Саъдӣ гадоӣ мекунад:
«Ёри ман авбошу қаллош асту ринд,
Бар ман аммо порсоӣ мекунад».