Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Булбул насозад ин қадар оҳу фиғон, ки ман,

Булбул насозад ин қадар оҳу фиғон, ки ман, Парвона хам зи ишқ насӯзад, чунон ки ман. Маҷнун ба даҳр аз ғами Лайлӣ нашуд чунон Аз дардат, эй ситамгари номеҳрубон, ки ман. Аз дасти дӯстии ту озурда ҷони ман, Душман мабод ин ҳама озурдаҷон, ки ман. Зеборухе надида касе, ҳамчунон ки ту, Шайдодиле набуда чунин дар ҷаҳон, ки ман. Гуфтам: Ба пеши ёр чу ман кист нотавон? Мӯйи наҳиф ҷилва намуд аз миён, ки ман. Дар пешвози дӯст, кӣ, гуфтам, бурун равад? Аз иштиёқ ҷон ба лаб омад давон, ки ман. Гуфтам: Ба гӯшаи ғами Айнӣ кӣ мерасид? Аз айни лутф ёр бишуд меҳмон, ки ман!
Булбул насозад ин қадар оҳу фиғон, ки ман, | Шоирон