Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

ТАЗМИН ДАР МАТЛАИ

«Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад, К-ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад».1 Гар баҳравар шуда дилам аз ғам, шигифт нест, Хӯ кард дил ба ҳар чӣ аз ӯ баҳравар шавад. Маъюсиям бубин, ки баробар бувад маро Дил аз замона гар нашавад шоду гар шавад. Ҷорист ҷӯйи об зи чашмам, вале нашуд Вақте ки нахли матлаби ман борвар шавад. Шояд яке зи шасти камонабруе расад, Шодам, чу сар ба тири ҳаводис сипар шавад. Парво надорам, аз сари ман ҷон равад ва лек Тарсам, ки дарди ишқи ту бо ҷон бадар шавад. Бар ман ғами фироқи ту, Айнӣ, ба сар шуда, «Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад». Ин байт аз Урфии Шерозӣ аст.