Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй рафиқ, ин дастаи гул аз кадомин гулшан аст,

Эй рафиқ, ин дастаи гул аз кадомин гулшан аст, К-аз шамимаш хуш машоми ҷони маҳзуни ман аст? Ин гули сурист ё сӯзи дили ғамгини мост, Ё шақоиқ, ё суман, ё настаран ё савсан аст? Муждагонӣ ё зи базми васли як савсанбар аст, Армуғонӣ ё зи боғи лутфи як насринтан аст? Барги сабзе булбулеро аз гулистонест ё Нурибинишрафтаеро бӯйи як пироҳан аст? Изз – иззатмандӣ, арҷмандӣ. Тоза ҷоне ёфтам аз бӯйи ин, бас шуд яқин, Риштаи ҷоне зи дасти он бути исофан аст. Дӯш пинҳонӣ ба имое дили ман бурда буд, Ин хабар имрӯз дар ҳар кӯю дар ҳар барзан аст. Шермардонро ба як новак зи по афкандааст, Оҳуи чашмаш, маозаллаҳ,2 аҷаб шерафкан аст. Интизорам, кай бувад доманкашон он маҳ расад, Лӯълӯи ашкам пайи эсор доман-доман аст. Пеши ҷонон, Айнӣ, аз рӯзи сиёҳи худ магӯй, Ҳоли беморон чӣ будан бар ҳакимон равшан аст.