Дилам дар қайди он абруҳилол аст,
Дилам дар қайди он абруҳилол аст,
Ба теғи абруяш хунам ҳалол аст.
Рухаш моҳи тамоми безавол аст,
Қадаш сарви равони баркамол аст.
Маҳи ризвон, рухи ҳуросиришт аст,
Бути лайливаши ширинхисол аст.
Зи қаддаш сарвбун дар изтироб аст,
Зи холаш мушки Чин дар инфиол аст.
Насими кӯйи ӯ боди биҳишт аст,
Ғубори роҳи ӯ оби зулол аст.
Шамими мушк з-он раҳ як ғубор аст,
Насими хулд з-он дар як шамол аст.
Барзан – кӯча, гузар, маҳалла.
Маозаллаҳ – Худо нигоҳ дорад.
Инфиол – шарм доштан, хиҷил гаштан.
Худо донад, ки бар сӯзи фироқаш
Дили бетоқати моро чӣ ҳол аст.
Далолат мекунад бар зӯрии ҳаҷр
Зи бори ғам қади ман, ин ки дол аст.
Зи шӯри ишқи Айнӣ метавон ёфт,
Ки дар банди яке ширинмақол аст.