Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Аз файзи Яздон хон аст мактаб,

Аз файзи Яздон хон аст мактаб, Бар лаъли ирфон кон аст мактаб. Беҷон ҷасадро қадре набошад, Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб. Аз мактаб ояд осоиши дил, Марғуби дилҳо з-он аст мактаб. Бемактабонро набвад ҳаёте, Об аст мактаб, нон аст мактаб. Саъд аст мактаб, хайр аст мактаб, Изз аст мактаб, шон аст мактаб. Дар чашми биниш нур аст дониш, Дар ҷисми дониш ҷон аст мактаб. Дар моҳии ҷон об аст ирфон, Дар мурғи ирфон дон аст мактаб.