Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Аз фиғону нола ранҷондем ёри хешро,

Аз фиғону нола ранҷондем ёри хешро, Худ сияҳ кардем охир рӯзгори хешро. Зиндагонӣ бе висоли дӯст мушкил кор буд, Мурда, осон кардаам якбора кори хешро. Ноумедӣ бин, ки худ ҳар дам тасаллӣ медиҳам Аз забони ӯ дили уммедвори хешро. Бо қаду рухсору зулфу чашму абру бохтем Ақлу ҳушу тоқату сабру қарори хешро. Бо мадорои рақибон гар зи васлат бархӯрам, То қиёмат мебарам дору мадори хешро. Тангам аз борони ашки худ, Худоро, як замон Офтоби ман, намоён кун узори хешро. Ишқ Айниро чунин беору беномус кард, В-арна бо коре намеовард ори хешро. Узор – рухсора, ораз, рӯй.