Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Э ҳама ширинлабон афтода дар банди шумо,

Э ҳама ширинлабон афтода дар банди шумо, Яъне аз ҷон бандаи лаъли шакарханди шумо. Аз хироме дӯш дар даъвои раъноӣ ба боғ Банд карда найшакарро қомати қанди шумо. Э қаду рухсору зулфу чашму абру, раҳмате! Як дили мискин чӣ хоҳад кард бо чанди шумо?! Гарчи рафт аз ёдатон ёди дили ғамгини мо, Дур бод аз ғам, Илоҳӣ, табъи хурсанди шумо. Кори сад хирвор мушку сад чаман сунбул кунад, Торе аз зулфи сиёҳи мушкоганди шумо. Сарви озод аз чӣ рӯ ҳаргиз намеҷунбад зи ҷо? Метавон фаҳмид, гардидаст побанди шумо. Кай бувад аз лутфатон бар орзӯи дил расад Айнии бечора, яъне орзӯманди шумо.