Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Офтоби ҳусн хонам рӯйи рахшони туро,

Офтоби ҳусн хонам рӯйи рахшони туро, Матлаи хуршеду маҳ донам гиребони туро. Аз хаёли бӯсаи дилдодагон гардид об, Нозукӣ то ин қадар бошад занахдони туро. То абад хокам тамошогоҳи мардум мешавад, Ҳар буни мӯ лолазоре ҳаст қурбони туро. Даст аз тарбияти сарву санавбар воканад, Боғбон бинад агар сарви хиромони туро. Аз ғами ҳаҷри ту охир дил чиҳо хоҳад шудан, Кӯҳ натвонад, ки орад тоб ҳиҷрони туро. Бо дили худ медиҳам уммед аз шармандагӣ, Гарчи медонам, қароре нест паймони туро. Метавонад чанг зад бар пайкари хуршеду маҳ, Ҳар ки дасте мебарад чоки гиребони туро. Нолаи булбул надорад гӯш гул, Айнӣ, нигар Ин саҳар з-ин шеър бишнидаст афғони туро.