Ворастагӣ зи ҳусни дигар медиҳад нишон,
Ворастагӣ зи ҳусни дигар медиҳад нишон,
Олам ғубори домани нозест парфишон.
Мурдему ҳамчунон хамупечи ҳавас баҷост,
Аз сӯхтан нарафт бурун тоби ресмон.
Бар зулм чидаанд каҷон дастгоҳи умр,
Дорад зи тир омадурафти нафас камон.
Бемағз ҷуз шикаст зи давлат намекашад,
Аз сояи ҳумо чӣ барад баҳра устухон?
Дил маҳви ғафлату нафасе дар миёна нест,
Ман монда сар ба хобу зи худ рафта корвон.
Заъфам расондааст ба ҷое, ки чун садо
Оина ҳам надод зи тимсоли ман нишон.
Ҳастӣ ба ғайри пардаи рӯйи фано набуд,
Равшан шуд ин матоъ ба барчидани дукон.
Ошиқ куҷову орзуи хонумон куҷо?
Парвона дар камини фано дорад ошён.
Парвози бандагӣ ба худоӣ намерасад,
Эй хок, хок бош, баланд аст осмон.
Навмедам он қадар, ки агар бисмилам кунанд,
Ранги шикаста мешавад аз хуни ман равон.
Овораи сароби шуурему чора нест,
Эй бехудӣ, қадам зану моро ба мо расон.
Аз дарди ишқ шикваи аҳли ҳавас баҷост,
Бедил, зи шуъла ҳезуми тар нест бефиғон.