Ҳамъинони оҳам, ошӯби ҷаҳон хоҳам шудан,
Ҳамъинони оҳам, ошӯби ҷаҳон хоҳам шудан,
Пайрави ашкам, муҳите бекарон хоҳам шудан.
Дил зи найранги тағофулҳои ӯ маъюс нест,
Ноз мегӯяд, ки охир меҳрубон хоҳам шудан.
Чун саҳар захмам суфоришномаи гулзори ӯст,
Қосиди хун гар набошад, худ равон хоҳам шудан.
Наргисашро гар чунин бо тирарӯзон улфат аст,
Баъд аз ин чун мардумак як сурмадон хоҳам шудан.
Пеши хуршедаш маро аз субҳ будан чора нест,
Ҳар куҷо ӯ моҳ бошад, ман катон хоҳам шуд.
Ман, ки аз худ рафтанам душвор меояд ба чашм,
Маҳрами тарзи хироми ӯ чӣ сон хоҳам шудан?
Дастгоҳи нотавонон ҷуз тазаллум ҳеҷ нест,
Чун нафас бар хеш агар болам, фиғон хоҳам шудам.
Бедимоғи фурсатам, савдоии иқбол кист?
То ҳумо ояд ба парвоз, устухон хоҳам шуман.
Хонаи ҷамъиятам бе офати васвос нест,
То куҷоҳо хоби чашми посбон хоҳам шудан?
Мекашам умрест, Бедил, хиҷлати нашвунумо,
Дар арақ монанди шамъ охир ниҳон хоҳам шудан.