Мавҷи хунам ҳар қадар тӯфоннамо хоҳад шудан,
Мавҷи хунам ҳар қадар тӯфоннамо хоҳад шудан,
Ҳаққи шамшери ту рангинтар адо хоҳад шудан.
Умрҳо шуд, дар таманнои хиромат мурдаам,
Хоки ман оинаи оби бақо хоҳад шудан.
Аз тағофул чанд бандӣ парда бар рӯйи баҳор?
Чашм во кун, ғунчаи бодом во хоҳад шудан.
Дар дами мурдан маро бар зиндагӣ афсӯс нест,
Ҳайфи домонат, ки аз дастам раҳо хоҳад шудан.
Дар камини шуълаи ҳар шамъ доғе хуфтааст,
Ҳар куҷо тоҷест, охир нақши по хоҳад шудан.
Бе талофӣ
нест шавқам дар такопӯйи висол,
Даст агар кӯтоҳ шуд, оҳам расо хоҳад шудан.
Нашъаи обу гили шӯхибинои ваҳшатем,
Домане гар бишканӣ, таъмири мо хоҳад шудан.
Дар биёбоне, ки дил менолад аз бори ғамат,
Гар ҳама кӯҳ аст, помоли садо хоҳад шудан.
Пухтагон яксар кабоби интизори хомиянд,
Интиҳои ҳар чӣ дидӣ, ибтидо хоҳад шудан.
Гар ба ин афсурдагӣ ҷӯшад ҷунуни эътибор,
Баҳрро мавҷи гуҳар занҷири по хоҳад шудан.
Ҷодаи сарманзили таҳқиқи мо пӯшида нест,
Нақши по то хок гаштан раҳнамо хоҳад шудан.
Дурӣ аз дилдор нанги иттиҳоди маънавист,
Мавҷи мо бо гавҳар аз гавҳар ҷудо хоҳад шудан.
Сурмаи саднаргисистонибрат аст аҷзои мо,
Хок агар гардем, чандин чашм во хоҳад шудан.
Нестам, Бедил, чу тухм аз хоксорӣ ноумед,
Охир ин афтодагиҳоям асо хоҳад шудан.