Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Меравам ҳар ҷо ба завқи офият андӯхтан,

Меравам ҳар ҷо ба завқи офият андӯхтан, Ҳамчу шамъам зоди роҳе нест ғайр аз сӯхтан. Захми дил аз чораҷӯиҳои мо бепарда шуд, Ин гиребон сахт расвоӣ кашид аз дӯхтан. Шуъла гар соғар занад, аз паҳлуи хору хас аст, Беш аз ин рӯи сияҳ натвон ба зулм афрӯхтан. Ин чаман гар ҳосиле дорад, ҳамон дасти тиҳист, То ба кай чун ғунча хоҳӣ рангу бӯ андӯхтан? Дил агар арзад ба доғе, муфти савдои вафост, Юсуфи мо мунфаил мегардад аз нафрӯхтан. Ҷода гар печад ба хеш, оинадори манзил аст, Мекунад шамъи бисоти дил нафасро сӯхтан. Тору пуди ҳастии мо нест бе пайванди чок, Хирқаи субҳем, бар мо чашм натвон дӯхтан. Изтиробам оламеро кард помоли ғубор, Хоки Маҷнунро намебоист ваҷд омӯхтан. Бе ту бояд сӯхт Бедилро, ба ҳар ранге ки ҳаст, Доғи дил гар нест, оташ метавон афрӯхтан.