Субҳи кишвари Майвот ёсаминбаҳор аст ин,
Субҳи кишвари Майвот ёсаминбаҳор аст ин,
Бӯи ноз меояд, ҷилвагоҳи ёр аст ин.
Нашъа авҷҳо дорад, айш фавҷҳо дорад,
Ишқ мавҷҳо дорад, баҳри беканор аст ин.
Абри шавқ меборад, сабза ҳусн мекорад,
Санг ҳам диле дорад, турфа кӯҳсор аст ин.
Гар гул аз чаман рӯяд ё нафас суман бӯяд,
Дил ба дида мегӯяд: ранги он нигор аст ин.
Хуррамӣ чаманпирост, ҷӯши гул қадаҳпаймост,
Рангу бӯ ҳамон барҷост, бехазонбаҳор аст ин.
Нақши гавҳари комил кист, то кунад ботил?
Ин чароғу ин маҳфил фазли кирдгор аст ин.
Коми дил гули доман, орзу тарабхирман,
Чашми бедилон равшан, музди интизор аст ин.