Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Сари туррае ба ҳаво фишон, Хутане зи мушки тар офарин.

Сари туррае ба ҳаво фишон, Хутане зи мушки тар офарин. Мижае бар оина боз кун, гули оламе дигар офарин. Зи саҳоби ин чаманам магӯ, бигузар зи ишваи рангу бӯ, Ба ту илтимосии гиряам, ду-се ханда гул ба сар офарин. Сари зулфи арбада шона кун, нигаҳе ба фитна фасона кун, Равише ҷунуни баҳона кун, зи ғубори ман саҳар офарин. Зи ҳузури ишрати бешу кам на биҳишт хоҳаму не Ирам, Ба хаёли доғи ту қонеъам, ту барои ман ҷигар офарин. Ба камоли холиқи инсу ҷон на замин расиду на осмон, Ба садаф касе чӣ диҳад нишон зи ҳақиқати гуҳарофарин? Ҳазар аз фузулии ваҳму зан, «ту» чӣ мекунад ба ҷаҳони «ман»? Дари аҳвалӣ ба ҳавас мазан, зи ду чашм як назар офарин. Манишин чу матлаби дигарон ба ғубори миннати қосидон, Рақами ҳақиқати ранг шав, зи шикасти нома пар офарин. Чаманест олами бебарӣ зи тарабшикории офият, Чу чанор рав, зи кафи тиҳӣ ҳама баҳла бар камар офарин. Сарубарги роҳати ин чаман ба хаёли мо накунад ватан, Чу ғубори намзада, гӯ, фалак, сари мо ба зери пар офарин. Ба каломи Бедил агар расӣ, магузар зи ҷодаи мунсифӣ, Ки касе наметалабад зи ту силае дигар, магар офарин.