Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ғанимат гир чун оина маҳви шони худ будан,

Ғанимат гир чун оина маҳви шони худ будан, Ҷаҳонеро тамошо кардану ҳайрони худ будан. Чи саҳрову чи гулщан, гар тааммул раҳбарат гардад, Саломат нест ғайр аз пой дар домони худ будан. Зи ташвиши ду олам чашмзахм озод мебошад Таҳи як пираҳан аз пайкари урёни худ будан. Ду дам шуғли маосӣ интизори раҳмате дорад, Ки бояд то абад шармандаи эҳсони худ будан. Ту маҳрамнашъаи фурсатшиносӣ нестӣ, варна, Ба сад фирдавс дорад ноз дар зиндони худ будан. Хаёли сидраву тӯбо ниёзи тоқи нисён кун, Нигоҳе боядат дар сояи мижгони худ будан. Ризои хотири фурсат зарур афтодааст ин ҷо, Ба ҳар тақдир, бояд ходими меҳмони худ будан. Камони қабзаи асрори яктоӣ ба зеҳ дорад Муқими гӯшаи таҳқиқ дар майдони худ будан. Яқинро шубҳа дидӣ, огаҳиро ҷаҳл фаҳмидӣ, Худоӣ дод аз каф мункири фармони худ будан. Вуҷуб оинаи худ низ ҷуз пеши ту нагзорад, Замоне гар тавонӣ маҳрами имкони худ будан. Ба гирди хеш мегардад сипеҳру нозҳо дорад, Ки то ҳастист, мебояд ҳамин қурбони худ будан. Табассумворе аз ахлоқ мехоҳад вафо Бедил, Намак дорад ҳамин миқдор шӯри хони худ будан.