Бар шишахонаи дили афсурда санг зан,
Бар шишахонаи дили афсурда санг зан,
Кам нестӣ зи гул, қадаҳеро ба ранг зан.
Чашме ба ваҳшат об деҳ аз боғи эътибор,
Муҳре ту ҳам ба маҳзари доғи паланг зан.
Ранҷи дигар макаш ба камонхонаи сипеҳр,
Ҷои нафас ҳамин пару боли хаданг зан.
Таслими ҳукми ишқ нашояд кам аз сипанд,
Гар худ дар оташат бинишонад, шаланг зан
Амн аст, ҳар куҷо сари таслим раҳбар аст,
З-ин вазъ фол гиру ба коми наҳанг зан.
То кай нафас ба хун кашӣ аз интиқоми хасм?
Теғе ки мезанӣ ба фасонаш, ба занг зан.
Ҳар ғунча з-ин баҳор тилисми шукуфтанист,
Эй ғофил аз тараб, дари дилҳои танг зан.
Хулду ҷаҳим чанд кунад ғофил аз худат?
Оташ ба коргоҳи хаёлоти банг зан.
Ҳиммат раҳини
машраби тағйири ҳиҷлат аст,
Дар домане ки чин назанад даст, чанг зан.
Хумхонаҳо ба гардиши чашмат намерасад,
Имшаб муҳаррафе ба димоғи Фаранг зан,
Бедил, шикасти шишаи дил низ оламест,
Сози ҷунун куну қадаҳе дар таранг
зан.