Ба тамошои ин чаман дари мижгон фароз кун
Ба тамошои ин чаман дари мижгон фароз кун
Зи хумистони офият қадаҳе гиру ноз кун.
Машикан ҷоми обрӯ ба тапишҳои орзу,
Арақи эҳтиёҷро майи минои роз кун.
Маписанд он қадар ситам, ки ба хиссат шавӣ алам
Гираҳи дасту дил зи ҳам мижа бикшову боз кун.
Ба чӣ афсона моилӣ, ки зи таҳқиқ ғофилӣ,
Ту тамошомуқобилӣ, зи хаёл эҳтироз
кун.
На зуҳурест, не хафо, на бақоест, не фано,
Ба тахайюли ҳақиқате ки надорӣ, маҷоз кун.
Чу ғубори шикаста дар сари роҳат нишастаам,
Қадаме бар замин гузору маро сарфароз кун.
Ба адои такаллуме, ба фусуни табассуме
Шакареро қивом
деҳ, намакеро гудоз кун.
Аташи ҳирс якқалам зи ҷаҳон бурда ранги нам,
Ҳама хок аст об ҳам, ба таяммум намоз кун.
Накунад ришта кӯтаҳӣ, агар аз уқда вораҳӣ,
Сарат аз орзу таҳӣ чу шавад, по дароз кун.
Зи фусурдан чу бигзарӣ, шавӣ оинаи парӣ,
Дили сангин гудозу коргаҳи шиша соз кун
Бинишин, Бедил, аз ҳаё паси зонуи хомушӣ,
Нафасе чанд ҳирсро зи талаб бениёз кун.