Эй хоҷа, худситоии иқбол сар макун,
Эй хоҷа, худситоии иқбол сар макун,
Бо муфлисон табахтури
теъдоди зар макун.
Пеш ой, то ҳақиқати хулқат баён кунам,
Мағзи тамизи пунба наӣ, гӯш кар макун.
Табъи фузул ғарраи парвози худсарист,
Бишкан чу ранг дар худу изҳори пар макун.
Дар бебизоатони тунукмояи ҳавас
Худро ба нози кисапуриҳо самар
макун.
Ҷое ки фақр хирқаи инсон даридааст,
Васфи ҷулу ситоиши полони хар макун.
Ашкест ҳар куҷо гираҳи дидаи ятим,
Аз хиҷлат об гарду назар бар гуҳар макун.
Ҳарфи ҳаё даме ки зи аҳбоб бишнавӣ,
Сарбарҳаво чу шамъ ба ҳар сӯ назар макун.
Ҳар ҷо хате ба чашми ту лағзад зи мистаре,
Чун нуқта по зи домани ғайрат бадар макун.
То лукнати такаллуми кас дар хаёли туст,
Шеъре ки сакта дошта бошад, зи бар макун.
Дар маҷмаи ҳузури ту то одами калест;
Гар сар бихорадат, ки ба нохун назар макун.
Минои ихтирои иҳонат
ба тоқ неҳ,
Дар пеши шахси ланг раҳи бом сар макун.
Гар рӯзи кас ба шом расонида рӯзгор,
Худро зи дастгоҳи табассум саҳар макун.
Кӯрӣ аз он беҳ аст, ки бинӣ хатои кас,
Кар бошу ҳарфи айб шунидан ҳунар макун.
Пӯшида дор ҷавҳари озодамшрабӣ,
Худро ҳам аз гузаштагии худ хабар макун.
Бедил, бас аст ин қадар андарзи офият,
Дар маҷлисе ки шарм набошад, гузар макун.