Эй ҳоҷатат далели ба идбор
Эй ҳоҷатат далели ба идбор
зистан,
Иззат куҷост, то натавон хор зистан?
Андешае, ки дар чӣ хаёл уфтодаӣ?
Маҷбури маргу даъвии мухтор зистан.
То кай зи халқ парда ба рӯ афканӣ, чу Хизр?
Мурдан беҳ аз хиҷолати бисёр зистан.
Дар боргоҳи поси адаб ихтирои мост
Бехобию ба сояи девор зистан.
Ғафлатзудост партави андешаи карим,
Ҳайф аст ёди афву гунаҳкор зистан.
Беимтиёз буданат аз марг бадтар аст,
То кай ба қайди сакта чу бемор зистан?
Моро зи фарқ то ба қадам дар ҳино гирифт
Ранги баҳори олами бекор зистан.
Бе дӯст умрҳост дар оташ нишастаем,
Бо ин тааб
набуд сазовор зистан.
Зиллаткаши ҳазор хаёлему чора нест,
Лаънат ба вазъи дур зи дилдор зистан!
Охир ба марги зоғу заған кушта халқро,
Дар ҷустуҷӯи луқмаи мурдор зистан.
Аз дарди ноқабулии вазъи нафас мапурс,
Бар дил гарон шудам зи сабуксор
зистан.
Бо доғу ашку оҳ ба сар мебарам чу шамъ,
Хуш дорадам ба ин ҳама озор зистан.
Бедил, ман аз вуҷуду адам кардам интихоб
Беихтиёр мурдану ночор зистан.