Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бастаам чашми умед аз улфати аҳли ҷаҳон,

Бастаам чашми умед аз улфати аҳли ҷаҳон, Кардаам пайдо чу гавҳар дар дили дарё карон Баски пастӣ дар камин дорад бинои эътибор, Баъд аз ин деворҳо бесоя хоҳад шуд аён. Аз таҷаммул сифларо сози бузургӣ мушкил аст, Хок аз сомони болидан нагардад осмон. Эй таманноят хаёландеши тасвири муҳол, Сайри худ кун, дигар аз анқо чӣ меҷӯӣ нишон? Норасоӣ ҷодаи сарманзили ҷамъият аст, Аз шикасти бол меболад ҳузури ошён. Ҷуз таҳайюр аз ҷунуни мо сияҳбахтон махоҳ, Ҳалқаи занҷири гесӯ барнамедорад фиғон. Ошиқ аз аҳли ҳавас дар сабр дорад имтиёз, Кардаанд оинаву шабнам ба ҳайрат имтиҳон. Рафтагон, ё Раб, чӣ сомон доштанд аз дарду доғ? К-ин замонам медиҳад оташ суроғи корвон. Айшҳо дорад адамфарсоии аҷзои ман, Ҷӯши маҳтоб аст, ҳар ҷо пунба шуд тори катон. Кӯшиши гардун илоҷи бебариҳоям накард, Мушкил аст аз сарв гул чидан ба саъйи боғбон. Дар фазои дил мақоми иззату хорӣ якест, Нест садри хонаи оина ғайр аз остон. Беривоҷиҳои арзи эҳтиёҷам доғ кард, Обрӯ чандон ки мерезам, намегардад равон. Субҳи ин ҳангомаӣ, аз сайри худ ғофил мабош, Як нафас пайдоият аз оламе дорад нишон. Чашми ӯро нест, Бедил, серӣ аз хун рехтан, Ҷоми май аз бодапаймоӣ нагардад саргарон.