Агар муште ғубори худ парешон метавон кардан,
Агар муште ғубори худ парешон метавон кардан,
Ба чашми ҳар ду олам нози мижгон метавон кардан.
Матоъи зиндагӣ ҳарчанд меарзад ба бод ин ҷо,
Ба ҳиммат андаке з-ин қимат арзон метавон кардан.
Шаби ҳирмон фурӯ бурдаст исёнгоҳи ҳастиро,
Агар ашке ба дард ояд, чароғон метавон кардан.
Баҳори дастгоҳи шавқу чандин ранги расвоӣ,
Ҷунун муфт аст, агар як нола урён метавон кардан.
Ғубори водии ҳасрат фусурдан барнамедорад,
Ба пойи ҳар кӣ аз худ рафт, ҷавлон метавон кардан.
Агар ҳирси гуҳар доман нагирад қатраи моро,
Бурун з-ин баҳр чандин ранг тӯфон метавон кардан.
Ба ранги шамъ дорам рафтане дар пеш аз ин маҳфил,
Ба по ҷаҳде ки натвонам, ба мижгон метавон кардан.
Ба ваҳшат домани ҳиммат агар як чин баланд афтад,
Ҷаҳонеро ғубори тоқи нисён метавон кардан.
Ба товусӣ наям қонеъ зи гулзори тамошоят,
Маро з-ин бештар ҳам чашми ҳайрон метавон кардан.
Адабгоҳи муҳаббат гар набошад дар назар, Бедил,
Зи шӯри дил ду олам як намакдон метавон кардан.