Аз нолаи дили мо то кай рамида рафтан?
Аз нолаи дили мо то кай рамида рафтан?
З-ин дардманд ҳарфе бояд шунида рафтан.
Бе нашъа зиндагонӣ чандон намак надорад,
Ҳайф аст аз ин харобот май нокашида рафтан.
Оҳанги бенишонӣ з-ин гулситон зарурист,
Роҳи фано чу шабнам бояд ба дида рафтан.
Ҷуръатгари талаб нест бедаступоии мо,
Дорад ба саъйи қотил хуни чакида рафтан.
Чун шуълае, ки охир помоли доғ гардад,
Дар зери по нишастем аз сар кашида рафтан.
З-ин боғ маҳмили мо бар дӯши ноумедист,
Бар омадан набандад ранги парида рафтан.
Аз ваҳшати нафасҳо ку фурсати тааммул?
Чун субҳ бояд аз хеш доман начида рафтан.
Бар халқи бебасират то чанд арзи ҷавҳар?
Бояд зи шаҳри кӯрон чун нури дида рафтан.
Ҳамдӯши орзуҳо дил меравад, нафас нест,
Дар ранг реша дорад тухми дамида рафтан.
Қатъи нафас намудем, ҷавлони муддао ку?
Дар хоб ҳам набинад пойи бурида рафтан.
Рафтори соя ҳаргиз вомондане надорад,
Дар манзил аст раҳрав аз орамида рафтан.
Қадди дутои пирист абрӯйи ин ишорат,
К-аз тангнои ҳастӣ бояд хамида рафтан.
Боли фишондаи оҳ бе гарди ҳасрате нест,
Бо оламе зи худ бурд моро ҷарида
рафтан.
Таъҷили тифлхӯён сози хатост, Бедил,
Лағзиш ба пеш дорад ашк аз давида рафтан.