Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Аз дида суроғи дили девона талаб кун,

Аз дида суроғи дили девона талаб кун, Нақши қадами нашъа зи паймона талаб кун. Аз паҳлуи дил шуълахироманд нафасҳо, Эй ашк, ту ҳам оташ аз ин хона талаб кун. Дилҳо ҳама хилваткадаи ҷилваи ёранд, Аз ҳар садаф он гавҳари якдона талаб кун. Тӯфонкадаи ҷӯши муҳит аст сароят, Аз лафзи худ он маънии бегона талаб кун. Эй улфати ободии мавҳум ҳиҷобат, Он ганҷ ниҳон нест, ту вайрона талаб кун. Умрест, ба ёдаш ҳама тан як дили чокем, Чун субҳ зи оинаи мо шона талаб кун. Афсуни равонӣ балади ҷуръати мо нест, Ашкем, зи мо лағзиши мастона талаб кун. Сарҷӯши тамошокадаи маҳфили рангем, Моро зи ҳамин шишаву паймона талаб кун. Олам ҳама дар партави як шамъ ниҳон аст, Ин сурма зи хокистари парвона талаб кун. Мардӣ зи сару барги ғурур аст буридан, Гар арра шавӣ, резиши дандона талаб кун. Бе касби қаноат натавон ёфт дили ҷамъ, Аз бастани минқори талаб дона талаб кун. То марг фусуни манумо муфти шунидан, То хоб зи хешат барад, афсона талаб кун. Туҳматқафаси улфати ваҳмест дили мо, Ин шиша ҳам аз тоқи парихона талаб кун. Бедил, рақами сафҳаи мо бехабариҳост, Рав, сархати таҳқиқ зи фарзона талаб кун.