Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Агар нола гӯше наяфшорад аз ман,

Агар нола гӯше наяфшорад аз ман, Нафас сад найистон най анборад аз ман. Ман он безабонам, ки нашнид дил ҳам Ҳадиси қабули туам ёрад аз ман. Вафое ки шуд робити обу гавҳар, Туро ҳам ҷудо, кош, нагзорад аз ман. Наям зинда дур аз ту чандон, ки қосид Дили нозукатро биёзорад аз ман. Муҳол аст дар ваҳдатободи ҳастӣ, Ки худро кас ин ҷо ту пиндорад аз ман. Ба бетобии ашкам, эй ҷилва, раҳме, Ки гар нест, оина меборад аз ман. Хами ибрате кардаам гул зи пирӣ, Ба ин нохун охир кӣ сар хорад аз ман? Шарорам зи беҳосилӣ чашм дорад, Ки тухме ба рӯи ҳаво корад аз ман. Ба сад орзу кушт шуғли дуоям, Илоҳо, дуо даст бардорад аз ман. Касе нест, ҷуз фурсати рафта аз каф, Ки пайғоми ӯ сӯи ман орад аз ман. Ҷунуне гирифтаст домони ваҳмам, Маро кист, Бедил, ки водорад аз ман?