Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳамчу оина таҳайюрсафарам,

Ҳамчу оина таҳайюрсафарам, Соҳиби хонааму дарбадарам. Аз баҳору чаманам ҳеҷ мапурс, Ба хаёли ту, ки ман бехабарам. Ёди чашми ту ҷунунҳо дорад, Ҳар куҷоям, ба ҷаҳони дигарам. Шуълаам то нашавад хокистар, Орамидан накашад зери парам. З-ин ҷунунзори ҳавас обилавор Чашм пӯшидааму мегузарам. Ин чаман ибрати гулчинӣ дошт, Чид доман зи табассум саҳарам. Эҳтиёҷам дари изҳор назад, Хушкии лаб написандид тарам. Фақрам аз нанги ҳавасҳо во дошт, Байза нашкаст кулоҳе ба сарам.450 Шӯри бекориям офоқ гирифт, Баҳла зад дасти тиҳӣ бар камарам. Дил зи ташвиши ҷасад менолад, Садафи обила дорад гуҳарам. Ҷинси оташкада бе доғе нест, Муфти оҳе ки надорад ҷигарам. Раҳ набурдам бадар аз кӯчаи дил, Такупӯи нафаси шишагарам. Инфиол оинапардози ман аст, Арақе мекунаму менигарам. Ман на з-он гумшудагонам, Бедил, Ки расад бод ба гарди асарам.