Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ёди ман кардӣ, басомон гашт нози ҳастиям,

Ёди ман кардӣ, басомон гашт нози ҳастиям, Номи дил бурдӣ, қиёмат кард сози ҳастиям. Тухми аҷзам пур тунуксармояи нашвунумост, Саҷдае медонаму бас, навниёзи ҳастиям. Тангзарфи эҳтиётам, в-арна, монанди ҳубоб Баҳр меболад зи оғӯши гудози ҳастиям. Ҳамчу шамъам ҳар нигаҳ доғе дигар эҷод кард, Ин қадар, ё Раб, кӣ фармуд имтиёзи ҳастиям? Ман ҳам аз мавҳумии сози нафас ғофил наям, То куҷо хоҳад дамид афсунтирози ҳастиям? Субҳаму дар пардаи шаб зиндагонӣ мекунам, Бенафас хобидааст афсонасози ҳастиям. Гар ҳама тӯфон шавам, кайфиятам бепарда нест, Ишқ дар гӯши адам хондаст рози ҳастиям. Эй шарори рафта аз худ, пур ба берангӣ маноз, Дидаам ранге, ки ман ҳам бениёзи ҳастиям. Сояро бар хоки раҳ пайдост тарҷеҳи уруҷ, Ин қадар ман низ, Бедил, сарфарози ҳастиям.