Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

На ибодат, на риёзат кардам,

На ибодат, на риёзат кардам, Бодаҳо хӯрдаму ишрат кардам. Меҳмони караме буд хаёл, Бо фузулӣ ду дам улфат кардам. Ҳар чӣ з-ин моидаам пеш омад, Неъмате буд, ки ғорат кардам. Халқ дар дайру ҳарам так заду ман Дили осуда зиёрат кардам. Гардам аз арсаи ташвиш гузашт, Он суи ҳашр қиёмат кардам. Хокро арши барин натвон кард, Тарки худдории ҳиммат кардам. Офият ташнаи беқадрӣ буд, Саҷдаи хоки мазаллат кардам. Огаҳӣ ранҷи пушаймонӣ дошт, Айшҳо дархури ғафлат кардам. Бедимоғи манумо натвон зист, Тан задам, хоби фароғат кардам. Шавқ бемақсаду дил бепарво, Хок бар фарқи надомат кардам. Ту шудам мунҳариф аз илму амал, Сайри кайфияти раҳмат кардам. Мағфират музди маосӣ 449 будаст, Кист фаҳмад, ки чӣ хидмат кардам? Ҳеҷам аз кардаву нокарда мапурс, Ёди он чашми мурувват кардам. Ҳар чӣ аз дасти ман омад, Бедил, Ҳама бе рағбату нафрат кардам.