Майпарасти эҷодам, нашъаи азал дорам,
Майпарасти эҷодам, нашъаи азал дорам,
Ҳамчу донаи ангур шиша дар бағал дорам.
Гар диҳанд бар бодам, рақс мекунам шодам,
Хоки аҷзбунёдам, табъи бехалал дорам.
Офтоб даркор аст, соя, гӯ, ба ғорат рав,
Чун мане агар гум шуд, чун туе бадал дорам.
Маънии баланди ман фаҳми тунд мехоҳад,
Сайри фикрам осон нест, кӯҳаму кутал дорам.
Аз манӣ таназзул кун, ӯ шаву туӣ гул кун,
Андаке тааммул кун, нукта муҳтамал
дорам.
Ҳақ буруни мардум нест, ҷӯши бода бехум нест,
Роҳи муддао гум нест, арзи мубтазал
дорам.
Дил мушаббак
аст имрӯз аз хаданги бедодат,
Маҳви лаззати шавқам, шоне
аз асал дорам.
Санг ҳам ба ҳоли ман гиря гар кунад, барҷост,
Бе ту зиндаам, яъне, марги беаҷал дорам.
Тарки суду савдо кун, қатъи ҳар таманно кун,
Май хуру тарабҳо кун, ман ҳам ин амал дорам.
Баҳри қудратам, Бедил, мавҷхези маъниҳост,
Мисраъе агар хоҳам сар кунам, ғазал дорам.