Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Набарӣ гумони фусурдагӣ ба ғубори бесарупоиям,

Набарӣ гумони фусурдагӣ ба ғубори бесарупоиям, Ки ба чарх мефиканад нафас чу саҳар замини ҳавоиям. Зи тааллуқам надиҳӣ нишон, ки гузаштаам ман аз ину он, Ба хаёли силсилаи ҷаҳон гираҳе нахӯрда расоиям. Ба димоғ мавҷи гуҳар задам зи ҷунуни нашъаи оҷизӣ, Накашид гарди ҳавас саре, ки накӯфт обилапоиям. Зи хаёл то мижа бастаам, қадаҳи баҳона шикастаам, Хушат он ки сайри парӣ кунӣ зи тилисми шишанамоиям. Ҳавасам зи нолаи беасар ба чӣ муддао шиканад назар? Ниҳад устухон маҳи нав магар ба нишони тири ҳавоиям. На нишемане ки кунам макон, на паре, ки барпарам аз миён, Накунӣ ба ишваи имтиҳон ситамошёни раҳоиям. Ба куҷост рафтану омадан, ки ба ғурбатам кашад аз ватан, Зи фусуни санъати ваҳму зан ҳавасозмои ҷудоиям. Ба ҷаҳони ҷилва расидаам, зи ҳазор парда дамидаам, Самари ниҳоли ҳақиқатам, чамани баҳори худоиям. Сари Каъба гарми фусуни ман, дили дайру ҷӯшиши хуни ман, Магузар зи сайри ҷунуни ман, ки қиёмати ҳамаҷоиям. Ба нигоҳ ҳайрати комилам, ба хаёл уқдаи мушкилам, Зи ҷаҳони фитрати Бедилам, на заминиям, на самоиям.