Мапурсед аз маоши хандаунвоне ки ман дорам,
Мапурсед аз маоши хандаунвоне ки ман дорам,
Аз оби ношито тар мешавад, ноне ки ман дорам.
Ду рӯзам бояд аз иброми ҳастӣ об гардидан,
Ба ҷуз нанги фузулӣ нест, меҳмоне ки ман дорам.
Дили овора бо ҳеҷ улфате розӣ намегардад,
Чӣ созам чораи ин хонавайроне ки ман дорам?
Ҷудо з-он ҷилва натвон ин қадарҳо зиндагӣ кардан,
Ба хоро теша мебояд зад аз ҷоне ки ман дорам
Зи шӯхӣ қосидаш ҳар гом дорад боз гардидан,
Ба ранги судани дасти пушаймоне ки ман дорам.
Зи гулчинони боғи орзуи кистам, ё Раб,
Пари товус дорад гарди домоне ки ман дорам.
Надорад ҷуз тааммул мавҷи гавҳар мисраъе дигар,
Ҳамин як сакта аст, иншои девоне ки ман дорам.
Зи рангомезии ин боғи ибрат бар намеояд,
Ба ғайр аз нақшбанди тоқи нисёне ки ман дорам.
Ба ҳайрат рафт умру бар яқин накшудам оғӯше,
Ба чашми баста барбандед, мижгоне ки ман дорам.
Намедонам, чӣ сон аз шарми нодонӣ бурун ояд,
Ба зуннор ошно ногашта имоне ки ман дорам.
Кафили узри як олам хато зарфе дигар дорад,
Ҳаё бар дӯши раҳмат баст, товоне ки ман дорам.
Чу шамъ, аз фикри худ то хок гаштан барнамеоям,
Гиребонҳост, Бедил, дар гиребоне ки ман дорам.