Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Гузашт фурсату сайри дили фигор накардам,

Гузашт фурсату сайри дили фигор накардам, Ҳазор гул ба бағал доштам, баҳор накардам. Ҷаҳон ба забти нафас буду ман зи ҳарзадавиҳо Ба ин каманди расо як-ду чин шикор накардам. Насохтам ба тунукрӯӣ аз тааллуқи дунё, Ба қатъи ваҳм дами теғе обдор накардам. Зи дасти суда наҷустам илоҷи ранҷи алоиқ, Ба дарди сар задаму сандал ихтиёр накардам. Вафо ба ибрати анҷоми кор кор надорад, Зи шарми майкашӣ андешаи хумор накардам. Ҷаҳон зи ҷӯши дил оинахона буд ба чашмам, Гузаштам аз нафасу ҳеҷ ҷо ғубор накардам. Иёри ҷилваи имкон гирифт оинаи ман, Вале чӣ суд, ки худро ба худ дучор накардам. Ба сайри ин чаманам об кард ғайрати шабнам, Ки ҳарза тори нигаҳро арақсавор накардам. Ҳавои суҳбати дилмурдагон нахонд фусунам, Димоғи сӯхтаро шамъи ҳар мазор накардам. Ҳазор ранг фусун дошт тардимоғии фитрат, Вале зи шарми адам фикри ҳеҷ кор накардам. Дар ин чаман ба чӣ доғ ошно шудам мани Бедил, Ки тавфи сӯхтаҷонони лолазор накардам.