Уруҷи ҳиммате дар кор дорам,
Уруҷи ҳиммате дар кор дорам,
Ҳама гар сояам, девор дорам.
Ғуборам ошёни ҳасрати ӯст,
Чаман дар гӯшаи дастор дорам.
Нафас бетобии дил мешуморад,
Ҳуҷуми субҳа дар зуннор дорам.
Нигоҳе то ба мижгон мерасонам,
Зи худ рафтан ҳамин миқдор дорам?
Мапурс аз инфиоли сози ғафлат,
Зи ҳастӣ ончи дорам, ор дорам.
Чу шамъам чора ғайри сӯхтан нест,
Ба сар оташ, таҳи по хор дорам.
Ба худ меларзам аз тамҳиди ором,
Чу гардун сақфи бедевор дорам.
Тазаллум қобили фарёдрас нест,
Танини пашша дар куҳсор дорам.
Аз ин як мушти хоки бодбурда
Ба дӯши ҳар ду олам бор дорам.
Дигар, эй нола, паҳлӯям магардон,
Ки паҳлӯи дили бемор дорам.
Ба ҳасрат меравам оина бар дӯш,
Суфоришномаи дидор дорам.
Ба чашмам тӯтиё мафрӯш, Бедил,
Ки ман бо хоки пое кор дорам.