Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Шабе, к-аз хаёли ту гул чида будам,

Шабе, к-аз хаёли ту гул чида будам, Ҳамоғӯши сад ҷилва хобида будам. Чаро оби гавҳар набошад ғуборам? Ба роҳи ту як ашк ғалтида будам. Ниҳон аз ту мебохтам бо ту ишқе, Ту фаҳмида будӣ, нафаҳмида будам. Кас оинадорат нашуд, в-арна, ман ҳам Ба ҳайрат умеде тарошида будам. Ба рангест чун сояам ҷӯши ғафлат, Ки гар рафтам аз хеш, хобида будам. Тариқи вафо талхкомӣ надорад, Шакар буд, агар хок лесида будам. Бинозам ба иқболи дарди муҳаббат, Ки то чарх як нола болида будам. Зи ваҳм, эй ҷунун, уқдаам во накардӣ, Ба хеш онқадарҳо напечида будам. Тамошо хаёл асту дидор ҳайрат, Зи оина ин ҳарф пурсида будам. Чу гул чок мерӯяд аз пайкари ман, Надонам, барои чӣ хандида будам. Ба мижгон кушудан ниҳон гашт, Бедил, Ҷамоле, ки пеш аз нигаҳ дида будам.