Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Шарори коғази фурсаткаминам,

Шарори коғази фурсаткаминам, Чароғони нигоҳи вопасинам. Зи хатти сарнавиштам метавон хонд Гиребончокии лавҳи ҷабинам. Ғамам, дарди дилам, оҳи ҳазинам, Набудам, нестам, гар ҳастам, инам. Ба ҳастӣ аз адам во кардаам чашм, Чӣ хоҳам дид, агар ӯро набинам? Навои аҷз агар фаҳмида бошӣ, Ба чандин сур механдад танинам. Чӣ талх афтод оби гавҳари ман, Ки натвонад фурӯ бурдан заминам. Ҳаловат мемакад чун шамъам ангушт, Ба қадри худ гудози ангубинам. Чу нақши по ману ҷавлон чӣ ҳарф аст? Зи кӯтоҳӣ ба доман нест чинам, Зи найранги такутозам мапурсед, Савори ҳайрате оиназинам. Ғуборамро умеди домане нест, Надонам, бар сари худ кай нишинам? Чу шамъ аз норасоиҳои иқбол Ба по афтод даст аз остинам. Дукони ҷинси номам тахта авлост, Нигин бандед бар нақши нигинам. Агар, Бедил, ба фирдавсам нишонанд, Ҳамон олудаи дунёст динам.