Сатре агар зи вазъи ҷаҳон вонавиштаем,
Сатре агар зи вазъи ҷаҳон вонавиштаем,
Гардондаем рангу чалипо навиштаем.
Дар мактаби талаб чӣ қадар машқи лағзиш аст,
К-ин ҷодаҳо ба сафҳаи саҳро навиштаем.
Ҳар ҷо хате зи нусхаи имкон дамидааст,
Ибрат ғубори дидаи бино навиштаем.
Аз захми ҳасрате, ки лаби ҷом мекашад,
Хун бар баёзи гардани мино навиштаем.
Рамзи азал, ки сад адам он сӯи фитрат аст,
Пинҳон нахонда, ки ҳама пайдо навиштаем.
Маънисаводи нусхаи ашки чакида кист?
Ғамномаҳо ба хуни таманно навиштаем.
З-ин орзу, ки пайкари мо хоки роҳи ӯст,
Хатти ғубори худ ба Сурайё навиштаем.
Аз нақши мо ҳақиқати офоқ хонданист,
Чун мавҷ корномаи дарё навиштаем.
Қосид чу ранг боз нагардид сӯи мо,
Маълум шуд, ки нома ба анқо навиштаем.
Дар мактаби ниёз чӣ ҳарфу кадом сатр?
Чун хома саҷдаест, ки сад ҷо навиштаем.
Дасте агар баланд кунад номабар, бас аст,
То равшанат шавад, ки дуоҳо навиштаем.
Асрори хатти ҷом, ки паргори бехудист,
Бедил, ба килки мавҷаи саҳбо навиштаем.