Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Зи савдои чашми ту то ком гирам,

Зи савдои чашми ту то ком гирам, Ду олам фурӯшам, ду бодом гирам. Шаҳиди вафоям, зи роҳат ҷудоям, Намурдам ба завқе, ки ором гирам. Сияҳмасти шуҳрат наям, варна, ман ҳам Чу нақши нигин субҳ дар шом гирам. Зи бас ҳимматам нанги тазвир дорад, Муҳол аст, агар дона дар дом гирам. Чунин к-аз талаб бениёз аст табъам, Гадо гар шавам, тарки ибром гирам. Чу шабнам чӣ лофам ба сомони ҳастӣ? Магар аз арақ сурате вом гирам. Дар ин анҷуман машраби ғунча дорам, Занам шиша бар санг, то ҷом гирам. Замоне шавад, хоби айшам муяссар, Ки чун нақши по соя бар бом гирам. Камандам нафас, ҳирс сайёди анқост, Ба ин норасоӣ магар ном гирам? Ҷаҳон нест ҷуз эътибори ману ту, Ту таҳқиқ дон, гар ман авҳом гирам. Таҷоҳул сарубарги ҳастист, Бедил, Ҳама гар висол аст, пайғом гирам.