Зи дасти офият доғам, сипанди яъспарвардам,
Зи дасти офият доғам, сипанди яъспарвардам,
Ба ин оташ, ки ман дорам, магар оташ кунад сардам.
Асири шашдару тадбири озодӣ -ҷунун аст ин,
Чу тоси нард ҳар нақше, ки овардам, наёвардам.
Чу шабнам шарми пайдоист осори суроғи ман,
Арақ чандон ки меболад, баландӣ мекунад гардам.
Чу авроқи хазон беэътиборам хондаанд, аммо
Ҷаҳоне ранги силӣ хурдааст аз чеҳраи зардам.
Дар он мактаб, зи истиғно иёри маъниям гирад,
Кулоҳи Ҷам бинозад бар шикасти гӯшаи фардам.
Зи хешам мебарад ёди хироми ӯ ба он мастӣ,
Ки гул паймона гардонад, агар чун ранг баргардам.
Зи урёнӣ дар ин майдон надорам нанги расвоӣ,
Шукӯҳи ҷавҳари теғам, хати пешонии мардам.
Вафоям хиҷлати ноқадрдонӣ барнамедорад,
Агар бар обила по мениҳам, дил мекунад дардам.
Наям, Бедил, хиҷолатмояи нанги тиҳидастӣ,
Чу мазмун дар хаёли ҳар кӣ меоям, раҳовардам.