Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дидаи муштоқе аз ҳар мӯ ба бор овардаам,

Дидаи муштоқе аз ҳар мӯ ба бор овардаам, Нахли бодоме зи боғи интизор овардаам. Шаш ҷиҳат дидор гул мечинад аз аъзои ман, Аз таҳайюр зӯр бар оиназор овардаам. Ҳосили маънист бо ҳусни иборат сохтан, Каъбаҷӯён рӯ ба хоки пои ёр овардаам. То кашад шавқ интиқоми ҳиҷлат аз афсурдагӣ, Ранг меҷустам, бароте бар баҳор овардаам. Чашми он дорам, ки гирам оламеро дар канор, Чун мижа ҳарчанд як оғӯшвор овардаам. Эй адаб, бигзор, то машқи суҷуде сар кунам, Охир ин лавҳи ҷабин баҳри чӣ кор овардаам? Содагӣ механдад аз оинаи андешаам, Дил надорад ҳеҷу ман баҳри нисор овардаам. Зарраро аз худфурӯшӣ шарм бояд доштан, Бе фузулӣ нест, ҳарчанд инкисор овардаам. Бедилонат оламе доранд дар бори ниёз, Туҳфаам ин бас, ки худро дар шумор овардаам.