Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дӯш чун най сатри дарде мечакид аз хомаам,

Дӯш чун най сатри дарде мечакид аз хомаам, Нолаҳо хоҳад пар афшонд аз кушоди номаам. Шамъро ҷуз сӯхтан оинадори ҳуш нест, Пунбаи гӯш аст яксар шӯри ин ҳангомаам, То ба кай бошад ҳавас маҳви кашокашҳои ваҳм? Доғ кард андешаи радду қабули омаам. Қадрдонӣ дар бисоти имтиёзи даҳр нест, В-арна, ман дар мактаби бедонишӣ алломаам. Пеши ман нуҳ осмон пашме надорад дар кулоҳ,439 Медиҳад зоҳид фиреби азмати аммомаам. Лавҳи имкон дархури болидани лафзам набуд, Фикри маъниҳои нозук кард ноли хомаам. То ба кай пӯшад нафас урёнтаниҳои маро? Бештар чун субҳ ранги чок дорад ҷомаам. Бедил, аз Юсуф димоғи бениёзи ман пур аст, Инфиоли бӯйи пироҳан надорад шомаам.