Даъвати танзеҳи ҳусни бемисолӣ мекунам,
Даъвати танзеҳи ҳусни бемисолӣ мекунам,
Гар занам оина сайқал, хона холӣ мекунам.
Саҷда ҳам чун соя охир раҳ ба ҷое мебарад,
По гар аз рафтор монад, ҷабҳамолӣ мекунам,
Партави маҳ ҳам буруни ҳола дорад гарду ман
Гирди худ мегардаму забти ҳаволӣ 437
мекунам.
Умрҳо шуд, дар шабистони тамошогоҳи даҳр
Сайри ин нуҳ парда фонуси хаёлӣ мекунам.
Лолаву гул мунтазир бошанд, ман ҳамчун чанор
Як чароғон дар баҳори куҳнасолӣ мекунам.
Нанги анҷоми ғано аз фақри ман пӯшида нест,
Чиниям ҳарчанд дил бошад, сафолӣ мекунам.
Шарм дорад ҷуръати ман аз мулоимтинатон,
Оташам гар пунба мебинад, зуголӣ мекунам.
Пучбофиҳои ҷоҳам гар шавад мӯйи димоғ,
Пашмҳои ганда бисёр аст, қолӣ мекунам.
Мезанам мижгон ба ҳам, то ранги имкон бишканад,
Гоҳ-гоҳе ин қадар беэътидолӣ мекунам.
Зиндагӣ Лайлист, маъшуқона бояд зистан,
То раме дорад нафас, нози ғизолӣ мекунам.
Шамъ дар маҳфил намедонад, куҷо бояд нишаст,
Дар гудози хеш ҷойи хеш холӣ мекунам.
Пириям, Бедил, ба ҳар мӯ баст мазмуни хамӣ,
Баъд аз ин тартиби девони ҳилолӣ 438
мекунам.