Далели корвони ашкам, оҳи сардро монам,
Далели корвони ашкам, оҳи сардро монам,
Асарпардози доғам, ҳарфи соҳибдардро монам.
Рафиқи ваҳшати ман ғайри доғи дил намебошад,
Дар ин ғурбатсаро хуршеди танҳогардро монам.
Баҳори обрӯям сад хазон хиҷлат ба бар дорад,
Шукуфтан дар мизоҷам нест, ранги зардро монам.
Ба ҳукми аҷз шак натвон зудуд аз интихоби ман,
Дар ин дафтар шикасти гӯшаҳои фардро монам.
Ба ҳар мижгон задан ҷӯшидаам бо оламе дигар,
Парешонрӯзгорам, ашки ғампарвардро монам.
Шикасти рангаму бар дӯши оҳе мекашам маҳмил,
Дар ин дашт аз заифӣ коҳи бодовардро монам.
Тамизи халқ аз ташвиши кӯрӣ барнамеояд,
Ҳама гар сурма ҷӯшам, дар назарҳо гардро монам.
На доғам моили гармӣ, на нақшам қобили маънӣ,
Бисоторои ваҳмам, каъбатайни
нардро монам.
Ба худ оташ занам, то гарм созам паҳлуи доғе,
Зи бас афсурдатабъиҳо танӯри сардро монам.
Хиҷолатсарф гуфторам, надоматвақф кирдорам,
Саропо инфиолам, даъвии номардро монам.
На ашке зеби мижгонам, на оҳе боли афғонам,
Тапидан ҳам намедонам, дили бедардро монам.
Ба маҷбурӣ гирифторам, мапурс аз вазъи мухторам,
Ҳама гар омаде дорам, ҳамон овардро монам.
Фалак умрест дур аз дӯстон медорадам, Бедил,
Ба рӯйи сафҳаи офоқ байти фардро монам.