Дар ҷайби ғунча бӯйи баҳорест, ранг ҳам,
Дар ҷайби ғунча бӯйи баҳорест, ранг ҳам,
Бе файз нест гӯшаи дилҳои танг ҳам,
Сози тавофи дил на ҳамин
ҷавҳари сафост,
Дорад ҳавои хонаи оина занг ҳам.
Бегонагӣ зи таври ғизолон чӣ мумкин аст,
Моро ки чашмакест зи доғи паланг ҳам?
Аздод сози анҷумани як ҳақиқатанд,
Мино зи маъданест, ки он ҷост санг ҳам.
Дар гулшане, ки арзи хироми ту додаанд,
Маҳмил ба дӯши бӯйи гул аст обу ранг ҳам.
Халқе ба ёди чашми ту зуннор бастааст,
Куфре ба ин камол надорад Фаранг ҳам.
Ташвиши болу пар макаш, эй толиби фано,
Ин роҳ қатъ мешавад аз пойи ланг ҳам.
То обёри мазраи ҷамъиятат кунанд,
Оташ фикан ба хирмани номусу нанг ҳам.
Фардост, рабти улфати мо бод бурдааст,
Муфти вифоқ
гир дар ин арса ҷанг ҳам.
Сад ранг ҷонканист дар ин кӯча номро,
Осон намерасад сари ёрон ба санг ҳам.
Гӯянд: Дар бисоти вафо аҷз мехаранд,
Эй аҳли ноз, ёди мани дилбачанг ҳам.
Бедил, агар ба даст расад гавҳари висол,
Бояд ватан гирифт ба коми наҳанг ҳам.