Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳамчу мино ғунчаи розам баҳороҳанг шуд,

Ҳамчу мино ғунчаи розам баҳороҳанг шуд, Партаве аз хуни дил берун давиду ранг шуд. Баски дар ёдат ба чандин ранги ҳасрат сӯхтам, Чун пари товус доғам олами найранг шуд. Кӯҳтамкинӣ ба ин афсурдагиҳо ҳайрат аст, Баски зери бори дил мондам, садо ҳам санг шуд. Дар тилисми бастани мижгон фазое доштам, То нигаҳ оғӯш пайдо кард, олам танг шуд. Пайкарам дар ҷустуҷӯят рафт ҳамдӯши нафас, Риштаи ин соз аз афсурдагӣ оҳанг шуд. Дар шиканҷи пириям ҳар мӯ забони нолаест, Аз хамиданҳо саропоям тараф бо чанг шуд. Он қадар вомондаам, к-аз улфатам натвон гузашт, Ашк ҳам дар пои ман афтоду узри ланг шуд. Ҷавҳари хат охир аз оинаат майгун дамид, Дуд ҳам аз шуълаи ҳусни ту оташранг шуд. Касби огоҳӣ кудуратхонатаъмир асту бас, Ҳар қадар оина шуд дил, зермашқи занг шуд. Ҳеҷ кас ҳасраткаши бемеҳрии хубон мабод, Орзу бишкаст моро, то дили ӯ санг шуд. Бедил, аз дарди ватан хун гашт завқи ғурбатам, Баски ёди ошён кардам, қафас ҳам танг шуд.