Ҳинди малоҳатэҷод Зангу Ҳабаш набошад,
Ҳинди малоҳатэҷод Зангу Ҳабаш набошад,
Дар мардумак сиёҳӣ нур аст, ғаш набошад.
Хоҳӣ, ба дайр кун соз, хоҳӣ, ба Каъба пардоз,
Ҳангомаи нафасҳо бекашмакаш набошад.
Ёрон, ба шарм кӯшед, к-он рамзи ошноӣ
Бепарда нест мумкин, бегонаваш набошад.
То аз нафас ғуборест, бояд забон кашидан,361
Дар водии муҳаббат ҷуз алъаташ
набошад.
Бар хони ишқ натвон шуд маҳрами ҳаловат,
То ангубини шамъат ангуштчаш
набошад.
Дар тахтаи манумо холи зиёди ваҳмем,
Бозичаи адамро ин панҷу шаш набошад.
Аз шубҳаи таайюн эмин наметавон зист,
Дар табъи мо гудозест, ҳарчанд ғаш набошад.
Аз заъфи бебариҳо бар хок саҷда бурдем,
Бед обрӯ нарезад, гар муртааш
набошад.
Ҳайф аст, дасти мунъим дар остин шавад хушк,
Ин нон намак надорад, то панҷакаш набошад.
Зоҳид зи айши риндон пур ғофил аст, Бедил,
Фирдавс дар ҳамин ҷост, гар ришу фаш набошад.